Ссылки доступа

Додгоҳи Алмато 4 гумонбар дар ҳодисаҳои январро аз озодӣ маҳрум кард


Додгоҳи шаҳри Алматои Қазоқистон 24 май иттилоъ дод, ки чаҳор гумонбар дар ҳодисаҳои моҳи январ дар Қазоқистон 6-солӣ аз озодӣ маҳрум карда шуд.

Ҳукми ин гумонбарон, ки бар асоси банди "Ғоратгарӣ" айбдор эълом шудаанд, ҳафтаи гузашта содир гаштааст. Ҷузъиёти дигари парванда ошкор карда намешавад.

Хадамоти матбуотии додгоҳи Алмато афзуда, ки аз 16 то 20 майи имсол 11 ҳукм содир шудааст. Бар асоси ин ҳукмҳо, озодии 17 нафар маҳрум ва 15 тани дигарро ба ғоратгарӣ айбдор донистаанд.

Додгоҳи Алмато то 23 май ҷамъан 186 парвандаро, ки дар доираи онҳо 287 кас дар курсии айбдорӣ менишаст, баррасӣ карда, 24 гумонбар бар асоси айбҳои гуногун, аз ҷумла, "ғоратгарӣ" ва "дуздӣ, ғайриқонунӣ нигаҳ доштани силоҳу лавозимоти ҷангӣ" аз озодӣ маҳрум намудааст.

XS
SM
MD
LG