Ссылки доступа

Сайёҳи қазоқро дар Самарқанд бо "электрошокер" шиканҷа карданд


Сухангӯи Вазорати умури хориҷии Қазоқистон Ойбек Смадияров ҳодисаеро, ки бо сайёҳони қазоқ дар шаҳри Самарқанд рух дода буд, шарҳ дод.

"Вазорат барои ҳалли ин масъала нома фиристодааст. Мо аз ҳуқуқи шаҳрвандони худ ҳимоят мекунем", - гуфт Смадияров.

Ба гуфтаи ӯ, масъулони вазорат видеоеро, ки дар он дида мешавад, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Самарқанд шаҳрванди Қазоқистонро бо "электрошокер" шиканҷа мекунанд, омӯхтаанд.

"Ҷомеаи Узбекистон худ ин амали мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Самарқандро маҳкум карданд. Мо вазъро таҳти назорат қарор додаем", - илова кард Ойбек Смадияров.

Дар робита ба ин ҳодиса тафтишот оғоз шудааст.

XS
SM
MD
LG