Ссылки доступа

Дар ИМА дар бораи шиканҷа шудани уйғурҳо дар "урдугоҳҳои бозтарбия"-и Чин гузориш нашр шуд


Бунёди хотираи қурбониёни коммунизм дар Вашингтон ба шабакаҳои компютерии дохилии пулиси минтақаи худмухтори Шинҷони Чин дастрасӣ пайдо ва дар бораи шиканҷаи ақалиятҳои уйғур дар "урдугоҳҳои бозтарбия" гузоришеро нашр кард.

Ин санад, ки "Асноди пулиси Шинҷон" номгузорӣ шудааст, даҳҳо ҳазор аксу наворро аз ҷараёни шиканҷа шудани ақаллиятҳои қавмии минтақа дар бармегирад.

Дар гузориши бунёд омадааст, раисҷумҳури Чин Сӣ Ҷинпин шахсан дастур додааст, ки "урдугоҳҳои бозтарбия" бо амнияти иловагӣ таъмин карда шаванд.

Бунёд иддао дорад, ки пойгоҳи додаҳои пулиси Шинҷон ҳамчунин нишон медиҳад, соли 2018 беш аз 12 дарсади аҳолии болиғ, асосан уйғурҳо дар "урдугоҳҳои бозтарбия" буданд.

Ба иддаои масъулони бунёд, аксу наворҳои дастрасшуда бори дигар собит карданд, ки "урдугоҳҳои бозтарбия" дар Шинҷон на "марказҳои бозомӯзӣ", балки зиндон ҳастанд.

Ба гузориши Bloomberg, Венг Венбин, сухангӯи Вазорати умури хориҷии Чин гуфтааст, "ин як намунаи нави он аст, ки чи гуна нерӯҳои зиддичинӣ талош доранд, Пекинро бадном созанд".

XS
SM
MD
LG