Ссылки доступа

Узбекистону Қазоқистон дар якҷоягӣ пайомадҳои ҳолатҳои фавқулодаро бартараф мекунад


Шавкат Мирзиёев, президенти Узбекистон созишномаи байниҳукуматиеро бо Қазоқистон имзо кард, ки дар асоси он ду кишвар ҳолатҳои фавқулодаро дар якҷоягӣ пешгирӣ ва оқибатҳои онро бартараф мекунанд.

Таҳияи ин созишнома дар ҷараёни сафари Мирзиёев ба Қазоқистон дар моҳи декабри соли 2021 сурат гирифта буд.

Дар созишномаи мазкур номгӯи чораҳо ва корҳои амалие нишон дода шудааст, ки ду кишвар ҳангоми сар задани ҳолатҳои фавқулода онро анҷом медиҳанд.

Соли 2020 ҳангоми рахна шудани обанбори Саробаи Узбекистон чанд маҳалли зист дар вилояти Туркистони Қазоқистон зери об монд.

XS
SM
MD
LG