Шуруъ аз 6 июн ҳафтае як маротиба қатораҳои мусофирбар аз шаҳри Бишкеки Қирғизистон ба Қазон, аз 8 июн ду маротиба дар ҳафта аз Бишкек ба Самара, аз 9 июн як маротиба дар 8 рӯз аз Бишкек ба Новосибирски Русия ба гардиш медароянд.
Моҳи феврали соли ҷорӣ расонаҳо хабар доданд, ки Қирғизистон бо Қазоқистон дар мавриди ба роҳ мондани гардиши қатораҳо ба созиш расидааст.
Дар ҳамин ҳол, "Роҳи оҳани Қирғизистон" хабар дод, ки гардиши қатораҳо аз ин кишвар ба шаҳри Москваи Русия эҳтимол, дар соли 2023 ба роҳ монда шавад.