Бино ба созишномаи дуҷониба, Русия ба Узбекистон 10 ҳазор ҷойи кории бокафолат дар сол ҷудо карда аст. Ин теъдод узбекистониҳо асосан барои кор дар сохтмон ва кишоварзӣ ҷалб мешаванд.
Вазорати меҳнати Русия ба иловаи бекор кардани ин маҳдудият, пешниҳод дорад, ки узбекистониҳо ба соҳаҳои бештар ҷалб шаванд.
Бо ин вуҷуд, ҷалби муҳоҷирони меҳнатӣ аз Узбекистон аз талабот ва дархости мушаххаси кордиҳанда вобаста хоҳад буд.
Моҳи октябри соли 2021 ҳукумати Русия тарҳи санҷишии ҷалби муҳоҷирони кориро қабул кард. Бино ба он тарҳ, аз Узбекистон 10 ҳазор сохтмончӣ ҷалб мешуд.
Дар ҳамин ҳол, дар се моҳи ҷанги Русия зидди Украина даромади муҳоҷирон дар Русия кам ва муҳлати дарёфти маош тӯлонӣ шудааст. Бино ба иттилои охирин, 750 ширкати хориҷӣ баъди оғози ҳамлаи Русия ба Украина, Русияро тарк кардаанд.
Вазорати меҳнати Русия пешниҳод дорад, ки маҳдудияти марбут ба теъдоди муҳоҷирони узбекистонӣ бекор карда шавад.