Ссылки доступа

Роҳбарони Қирғизистону Қазоқистон гуфтанд, ба ҷамъшавии мошинҳо дар марз роҳ намедиҳанд


Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов ва президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев ба созиш расиданд, ки барои пешгирӣ аз ҷамъшавии мошинҳои боркаш дар марз чораҷӯӣ хоҳанд кард.

Дар ин бора Ҷабборов дар поёни мулоқоти дуҷониба бо ҳамтои қазоқистониаш дар шаҳри Бишкек хабар дод. Тоқаев бо сафари расмӣ дар Қирғизистон ҳузур дорад.

Ба гуфтаи Ҷабборов, дар мулоқот роҳҳои бидуни монеа убур кардани мошинҳои боркаш аз марз баррасӣ шудааст. Ҷонибҳо ба созиш расиданд, ки ба ҷамъшавии мошинҳо дар марз роҳ нахоҳанд дод.

Дар марзи Қирғизистон бо Қазоқистон ҷамъшавии мошинҳои боркаш ба такрор рух медиҳад. Тафтишҳои сахт дар марзи Қазоқистон боиси ҷамъшавии мошинҳои боркаш мешавад. Ин ҳолат боиси баҳсҳои ду кишвар гаштааст. Дар солҳои гузашта ин баҳс то ба Созмони тиҷорати ҷаҳонӣ расида буд.

Сарфи назар аз созишҳои ҳосилшуда, Кумита даромадҳои давлатии Қазоқистон мегӯяд, соҳибкорони "бевиҷдон"-и қирғизистонӣ бо сӯистифода аз созишномаҳо, молҳои қочоқиро вориди Қазоқистон мекунанд.

XS
SM
MD
LG