Ссылки доступа

"Мушкили Шуморо Маскав медонад." Дархости Қирғизистон ду муҳоҷири тоҷикро саргардон кард


Фурқат Абдуфаттоев ва Диловар Ҷӯраев
Фурқат Абдуфаттоев ва Диловар Ҷӯраев

Ду шаҳрванди Тоҷикистон, ки бо дархости Қирғизистон дар Русия боздошт ва сипас озод шудаанд, аз сарнавишти ояндаи худ нигаронанд. Фурқат Абдуфаттоев ва Диловар Ҷӯраев, сокинони шаҳри Исфара, гуфтанд, ҳарчанд қариб як сол боз дар озодӣ ҳастанд, мақомоти Русия ба онҳо иҷозаи бозгашт ба Тоҷикистонро намедиҳанд. Ду додгоҳ дар Русия қарор баровардаанд, ки Абдуфаттоев ва Ҷӯраев ҳаққи тарки ҷойи зистро надоранд.

Фурқат Абдуфаттоев, сокини 48-солаи шаҳри Исфара, аввалин шаҳрванди Тоҷикистон аст, ки бо дархости Қирғизистон дар Русия дастгир шуд. Абдуфаттоевро рӯзи 1-уми феврали соли 2021 дар Бошқирдистони Русия боздошт ва пас аз шаш моҳ озод карданд.

Мақомоти қирғиз ӯро ба ширкат дар муноқишаи сарҳадӣ муттаҳам мекунанд, аммо Фурқат Абдуфаттоев инро рад мекунад. “Оила ва фарзандон дар Тоҷикистон ҳастанд, аммо ман аз ҷойи истиқомат баромада наметавонам. Ҳатто ҳуқуқи патент гирифта, кор кардан надорам. Мегӯянд, ту ҳозир дар кофтукоби федералӣ ҳастӣ ва наметавонӣ ҳуҷҷатҳоро барои патент ё гирифтани шаҳрвандӣ супорӣ. Бекор шиштем. Қарздор шудам. Фақат барои адвокат 800 ҳазор рубл қарз гирифтаам,” -- мегӯяд Фурқат Абдуфаттоев.

Диловар Ҷӯраев, сокини дигари Исфара, ҳам ба чунин ҳолат дучор шудааст. Ҷӯраев 8-уми ноябри соли гузашта дар шаҳри Новосибирски Русия дастгир ва пас аз ҳашт рӯз озод шуд. Мақомоти қирғиз ин сокини Исфараро ҳам дар ширкат дар муноқишаи марзӣ муттаҳам карда, аз Русия талаб карданд, ки ӯро ба Бишкек супорад.

Додситонии кулли Русия дархости Қирғизистонро барои фиристодани ду шаҳрванди Тоҷикистон ба Бишкек напазируфт. Аммо дар як вақт мақомоти рус ба ду шаҳрванди Тоҷикистон иҷоза намедиҳанд, то ба ватан баргарданд.

Дархости Қирғизистон ду муҳоҷири тоҷикро саргардон кард
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:02:48 0:00

Ин ду сокини Исфара мегӯянд, барои ҳалли мушкилашон чанд дафъа ба додситониҳои Бошқирдистон ва Новосибирск муроҷиат кардаанд. Дар ҳардуи ин ниҳод ба шаҳрвандони Тоҷикистон гуфтаанд, "мушкили онҳоро Маскав ҳал мекунад". Додситонии кулли Русия ба номаи шаҳрвандони Тоҷикистон ҷавоб надодааст.

Фурқат Абдуфаттоев мегӯяд, чанд дафъа ба Додситонии кул ва Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ҳам муроҷиат кард. “Ягон кас ҷавоб намедиҳад. Як бор аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон гуфтанд, ки масъалаи Шуморо дида мебароем ва занг мезанем. На инки занг назаданд, ҳатто дигар ҷавоб намедиҳанд,” – гуфт ӯ рӯзи 26-уми май.

Масъулини Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон гуфтанд, масъаларо барои баррасӣ ба Сафорати кишвар дар Русия фиристоданд.

Мақомоти Русия дар бораи сарнавишти ин ду шаҳрванди Тоҷикистон расман чизе нагуфтаанд. Баъзе ҳуқуқшиносон мегӯянд, ҳолати пешомада дар Русия нав нест.

Илларион Василев, адвокати рус, ки пештар аз ҳуқуқи Фурқат Абдуфаттоев ҳимоя мекард гуфт, мушкили асосӣ дар норӯшан будани қонунгузории кишвари мизбон аст. Ба қавли вакили мудофеъ, дар қонунгузории Русия дақиқ навишта нашудааст, ки “тарк накардани ҷойи зист” барои ҳар нафар то чанд муддат давом мекунад.

Василев аз таҷрибааш мегӯяд, «ҳолатҳое аст, ки шаҳрвандон то 5 сол наметавонистанд ҷойи зисташонро тарк кунанд.»

Дар умум бо дархости Қирғизистон се шаҳрванди Тоҷикистонро дар Русия дастгир кардаанд. Фурқат Абдуфаттоев, Диловар Ҷӯраев ва Комилҷон Юлдошев сокинони шаҳри Исфара ҳастанд, ки бо вилояти Бодканди Қирғизистон ҳаммарз аст. Бо дархости Тоҷикистон як шаҳрванди Қирғизистон ҳам дар Русия дастгир шуд.

Сарчашмаи ҳамаи ин парвандаву боздоштҳо муноқишаи хунин дар марзи Тоҷикистон дар моҳи апрели соли 2021 аст. Душанбе ва Бишкек ҳамдигарро ба барангехтани низоъ муттаҳам карданд, ки сабабаш таъйину нишонагузорӣ нашудани марз ва даъво барои обу замин аст.

Ҳарду тараф барои тафтиши низоъ парвандаҳои ҷиноӣ боз карданд, вале то кунун дар бораи ҷараёни тафтиш ҳеч кадоме гузорише надодааст.

XS
SM
MD
LG