Ссылки доступа

Ҳукумати Қазоқистон аз "барқарории комил"-и содироти нафт хабар дод


Маҳдудияти интиқоли нафт тавассути Лӯлаи консорсиуми Каспий (ЛКК) бардошта шуда, қабули нафти қазоқистонӣ аз сӯи боркашонҳо комилан барқарор шудааст.

Дар ин бора сарвазири Қазоқистон Алихон Смаилов баъди мулоқот бо мудири кулли ширкати ЛКК Николай Горбан хабар дод.

"Мо хушҳолем, ки таъмири дастгоҳҳои бандар дар истгоҳи ЛКК ба поён расид. Ин имкон дод, ки маҳдудиятҳо бардошта шаванд ва истихроҷи нафти Қазоқистон комилан барқарор шавад", - гуфт Алихон Смаилов.

Лӯлаи ЛКК содироти нафти Қазоқистонро аз чоҳҳои Тенгиз, Карачаганак ва Кашаган таъмин мекунад. Ба иттилои расмӣ, дар соли 2021 тавассути ин лӯла 53,1 тона ва дар моҳҳои январ - апрели соли ҷорӣ 18,7 миллион тона нафт интиқол дода шудааст.

Моҳи марти соли ҷорӣ дар бандари Новориссийск ду дастгоҳи ЛКК аз кор баромад. Наздики 90 дарсади нафте, ки тавассути ЛКК содир мешавад, нафти Қазоқистон аст.

XS
SM
MD
LG