Ссылки доступа

Дар Қирғизистон қурби доллар дар як рӯз 5 сом боло рафт


Дар Қирғизистон дар рӯзҳои охир қурби доллари ИМА боло меравад. Нисфирӯзии 26 май 1 доллари ИМА дар бонкҳои он кишвар 85 сом фурӯхта мешуд. Дар ҳоле, ки субҳи дирӯз 1 доллар 80 сом арзиш дошт.

Аммо Бонки миллии Қирғизистон чаҳор рӯзи охир қурби сомро дар боробари доллар тағйир надода, дар сатҳи 79,5 сом барои 1 доллар нигаҳ доштааст. Ин поёнтарин қурб аз моҳи октябри соли 2020 то ин замон аст.

Дар пайи ҳамлаи Русия ба Украина дар се моҳи охир қурби доллари ИМА ноустувор шудааст.

Миёнаҳои моҳи марти соли ҷорӣ 1 доллари ИМА дар Қирғизистон ба 105 сом расид ва ибтидои моҳи апрел ба 81,5 сом пойин омад.

XS
SM
MD
LG