Ссылки доступа

Дар ҷануби Узбекистон таксиронҳо зидди ҷаримаҳо барои набастани тасмаи бехатарӣ эътироз доранд


Иллюстративное фото.
Иллюстративное фото.

Таксиронҳои шаҳри Қаршии Узбекистон рӯзи 26 май назди Коллеҷи нақлиёти шаҳр ҷамъ шуда, эътироз парбо карданд.

Ба иттилои мақомоти Узбекистон, таксиронҳо ба ин тартиб хостаанд, ки ҷаримаҳояшон барои набастани тасмаи бехатарӣ бекор карда шавад.

Дар шаҳри Қаршии Узбекистон рӯзи 14 май низоми "Lochin ko’z-Q" - сабткунандаи вайронсозии қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, аз ҷумла набастани тасмаи бахатарӣ насб шуд.

Шуруъ аз 1 май дар Узбекистон тартиби нави ҳаракат дар роҳҳо ҷорӣ шуд. Бино ба тартиботи нав, таксиронҳо вазифадор шудаанд, ки тасмаи бехатарӣ банданд.

XS
SM
MD
LG