Кумитаи давлатии омори Узбекистон гуфтааст, ин нишондод назар ба ҳамин давраи соли гузашта 22 ҳазор тонна бештар аст.
Узбекистон моҳҳои январ-апрели имсол аз ҳама бештар аз Қазоқистон (122,8 ҳазор тонна) орд ворид кардааст. Ҳамчунин аз Русия 1,9 ҳазор тонна, аз ИМА 50 тонна, аз Итолиё 27 тонна, Ҳиндустон 2 тонна ва аз Фаронса 1,8 тонна орд ворид шудааст.