Ссылки доступа

Сарвазири Қирғизистон гуфт, дар ҳамаи фурӯшгоҳҳо дастгоҳи хазинавӣ насб мекунанд


Раиси Девони вазирони Қирғизистон Оқилбек Жапаров рӯзи 31 май дар ҷаласаи Шӯрои тиҷоратии назди президент гуфт, дар тамоми фурӯшгоҳҳои ин кишвар дастгоҳҳои хазинавии назоратӣ насб карда хоҳад шуд.

Ба гуфтаи ӯ, "насби чунин дастгоҳҳо фасодкориро дар соҳаи андози он кишвар ба тадриҷ поин хоҳад бурд".

"Тавассути расидҳо мо муайян хоҳем кард, ки мардум бештар ба чи пул харҷ мекунанд ва соҳибкорон то куҷо дурусткор ҳастанд. Тартибот аз ҳамин оғоз мешавад. Маълум хоҳад шуд, ки кӣ аз пардохти андоз мегурезад. Мо бо талаб кардани расид фаъолияти соҳибкоронро ба тартиб медарорем", - гуфт Жапаров.

Порлумони Қирғизистон 22 декабри соли гузашта лоиҳаи Кодекси нави андози ин кишварро ба тасвиб расонд, ки роҳандозии дастгоҳҳои назоратии кассавиро дар марказҳои савдо пешбинӣ мекунад.

Гуруҳе аз соҳибкорони Қирғизистон 30 май дар назди бинои маъмурияти президент ва девони вазирони он кишвар дар шаҳри Бишкек зидди истифодаи дастгоҳҳои кассавии назоратӣ (ДКН) тазоҳурот карданд.

XS
SM
MD
LG