Ссылки доступа

Президенти Радиои Озодӣ иҷозаи кори хабарнигоронро дар Узбекистон баррасӣ кард


Рӯзи 31 май мулоқоти роҳбари Оҷонси иттилоот ва иртибототи Узбекистон Асадҷон Хоҷаев бо президенти Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ Ҷеймӣ Флай ва намояндаи ин радио Паҳлавон Тургунов баргузор гардид.

Ҷонибҳо масъалаҳои мавҷуд ва роҳҳои ҳалли онҳо, аз ҷумла "ба қонунгузории Узбекистон ва меъёрҳои ахлоқии рӯзноманигорӣ мутобиқ кардани матлабҳоеро баррасӣ карданд, ки дар бахши узбекии Радиои Озодӣ нашр мешаванд".

Сабти ном кардани хабарнигорони Радиои Озодӣ дар Узбекистон низ баррасӣ шуд.

Як рӯз пеш раиси шӯрои Бунёди ҷамъиятии кӯмак ва рушди расонаҳои миллии Узбекистон Комил Алламҷонов бо президенти Радиои Озодӣ мулоқот карда буд.

XS
SM
MD
LG