Ссылки доступа

Дар Олмон панҷ зодаи Тоҷикистонро зиндонӣ карданд


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Дар Олмон панҷ зодаи Тоҷикистонро бо гуноҳи узвият дар гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" ё ДОИШ ба зиндон маҳкум карданд. Ҳукм 31-уми май эълон шуд.

Додгоҳи шаҳри Дюсселдорф гуфт, панҷ ҷавони тоҷикро аз се солу ҳашт моҳ то нӯҳуним сол зиндонӣ кард. Назари зодаҳои Тоҷикистон ва ё вакилони мудофеяшон нест. Қаблан падари яке аз онҳо гуфта буд, писараш тиҷорат дошту аз Олмон ба Душанбе қисмҳои эҳтиётии мошин мефиристод.

Ба хулосаи додгоҳ, ин гурӯҳ бо тарроҳони таркиш дар Стокҳолм (2017), қатли чаҳор нафар дар Вена (2020) дар тамос будаанд.

"Суннатулло К.-и 26-сола барои тарҳрезии қатли як мунтақиди Ислом дар ғарби Олмон 9,5 сол аз озодӣ маҳрум шуд. Фарҳодшоҳ К.-и 33-сола ба кӯшиши куштори супоришӣ дар Албания ба 8,5 сол зиндон маҳкум гардид. Куштор бо сабаби ин ки ҳамлагарон ҳадафро нашинохтаанд, иҷро нашуд," – гуфтаанд дар додгоҳ.

Муҳаммадалӣ Г.-и 34, Азизҷон Б.-и 29 ва Комрони 25-сола барои иштирок дар созмони ҷиноӣ гунаҳкор дониста шудаанд.

Масъулони додгоҳ гуфтаанд, "ин афрод дар сар андешаҳои ифротгароёна парварида", қасд доштанд, аз номи ДОИШ ҳамла анҷом диҳанд. Ба иттилои манбаъ, онҳо аз соли 2019 бо як узви муҳими гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" дар Афғонистон низ дар тамос будаанд.

Ба гуфтаи мақомоти расмии Тоҷикистон, аз замони зуҳури ДОИШ дар соли 2013 бештар аз 2000 шаҳрванди Тоҷикистон ба Сурияву Ироқ рафта, ба сафи гуруҳҳои тундраву террористӣ ва бахусус ДОИШ ҳамроҳ шудаанд.

Дар ин миён садҳо нафарашон куштаву захмӣ шудаанд ва теъдодеро ҳам ба Тоҷикистон баргардонданд. Баъзеро, ки ихтиёрӣ баргаштаанд, афв кардаанд ва теъдоди дигареро ба солҳои тӯлонии зиндон маҳкум намуданд.

Солҳои охир дар бораи фаъол шудани ҷангҷӯёни ДОИШ дар баъзе аз минтақаҳои Афғонистон, ҳаммарз бо Тоҷикистон, гузориш мерасад.

XS
SM
MD
LG