Намояндаи расмии вазорат Авазбек Атахонов гуфт, ки дар робита ба ин хабар тафтишоти хидматӣ гузаронида хоҳад шуд.
Номбурда қайд кард, ки донишгоҳ “ҳамчун механизми таҳкими дӯстии ду халқи бародар ташкил шудааст” ва “он набояд ба асбоби иғвогариҳои сиёсии нерӯҳои муайян табдил ёбад”.
Ҳукумати Туркия, созмони ФЕТО-ро ба Фатҳуллоҳ Гюлен, руҳонии туркро рабт дода, онро дар кӯшиши табаддулоти соли 2016 муттаҳам мекунад. Худи Фатҳуллоҳ Гюлен, ки феълан дар Амрико ба сар мебарад, иттиҳоми ҳукумати Туркияро беасос мехонад.