Ссылки доступа

"Қумтор Голд Компанӣ" ба буҷаи Қирғизистон маблағи рекордӣ ворид кардааст


Ширкати "Қумтор Голд Компанӣ", ки калонтарин кони тилои Қирғизистонро коркард мекунад, аз моҳи январ то апрели соли равон ба буҷаи он кишвар маблағи рекордӣ ворид кардааст.

Бино ба иттилои хадамоти матбуотии ширкат, давоми моҳҳои мазкур он ба буҷаи давлат 11 миллиарду 389,9 миллион сом пардохт кардааст. Аз ин маблағ 3 миллиарду 604,3 миллион сомашро андоз аз даромади умумӣ ташкил медиҳад. Андоз аз даромади ширкат дар ҳамин давраи муайяни соли гузашта 1 миллиарду 928,1 миллион сомро ташкил дода буд.

Қумтор бузургтарин кони тилои Қирғизистон аст, ки солона аз он 15-17 тона тило истихроҷ мешавад. Ширкати Сентерра ба коркарди кони мазкур машғул буд ва Қирғизистон дар ширкат 26 дарсад саҳм дошт. Сиёсатмадорони мухолиф дар гузашта борҳо талаб карда буданд, ки кони тило миллӣ карда шавад.

Баҳори соли 2021 вазъ атрофи кони тилои Қумтор якбора тағйир кард. Мақомоти Қирғизистон моҳи майи соли ҷорӣ дар кон мудирияти берунӣ таъйин карданд. Комисияи давлатии Қирғизистон аз ширкати Сентерра талаб кард, ки бояд 4 миллиарду 252 миллион доллар андоз ва ҷуброни зарари муҳитзистӣ пардозад.

XS
SM
MD
LG