Ссылки доступа

Сӯхтор дар бозори "Фаровон"-и Бохтар (гулчин)


CRIMEA – A view of the Black Sea at sunset in the town of Sudak, 22Oct2021
CRIMEA – A view of the Black Sea at sunset in the town of Sudak, 22Oct2021

Ба расонаҳои минтақа ҳақ дода мешавад, ки аз ин матлабҳо ба сурати комил ва ё ҷузъӣ истифода кунанд. Бо дархости муштариён метавонем ба онҳо шакли аслии наворҳои видеоиро фиристем. Онҳо, инчунин, метавонанд матлаби дилхоҳи худро аз махзани Директ истифода кунанд.

-Сӯхтор дар бозори "Фаровон"-и Бохтар. Мақомот дар Хатлон тасдиқ карданд, ки бар асари cӯхтор дар бозори "Фаровон"-и шаҳри Бохтар, 12 нафар ҷароҳат бардоштаанд. Бозори "Фаровон" шаби гузашта ба коми оташ рафт. (видео)

- Аз носу сигор ба қалён? Рӯзи бидуни тамоку дар Тоҷикистон.​ Рӯзи охирини моҳи май дар ҷаҳон рӯзи бидуни тамоку аст. Дар Тоҷикистон чанд сол боз бо қабули қонуну иқдомҳои нав талош доранд, ки теъдоди тамокукашҳоро кам кунанд ё маҳалли тамокукаширо маҳдуд намоянд. Вале баъзе аз сокинон мегӯянд, ин “муборизаҳо” баъзан натиҷаи баръакс доштаанд. (видео)

- Идомаи "амалиёт" дар Рӯшон. 5 кас кушта шуд. Дар идомаи "амалиёт" дар ноҳияи Рӯшон рӯзи 31 май панҷ сокини маҳаллӣ кушта, як нафар дастгир шудаанд. Вазорати корҳои дохилӣ дар баёнияе ин афродро узви "гуруҳҳои ҷиноӣ ва террористӣ" номид, дар ҳоле ки қаблан наздиконашон ва созмонҳои ҳомии ҳуқуқ онҳоро "осоишта ва шахсони бесилоҳ" гуфта буданд. (видео)

- Соҳибкорони рус тиҷораташонро ба Дубай мекӯчонанд.​ Таҷовузи Русия ба хоки Украина ва таҳримҳои зидди он шуморе аз соҳибкорони русро ба тарки ватан ва ҷустуҷӯйи шуғле дар хориҷа водор кардааст. (видео)

- Дар Қазоқистон қонун дар бораи ВАО-ро бозбинӣ мекунанд: онро чи гуна тағйир медиҳанд? (видео Настоящее время)

- Чаро омӯзгорони тоҷик шогирдонро монда мераванд?

Дар мактабҳои Тоҷикистон садҳо шогирд чашм ба роҳи омӯзгорон ҳастанд, то омада дарс бидиҳанду онҳоро барои зиндагии дуруст омода кунанд. Омӯзгорон ба мактаб рафтан намехоҳанд (видео)

- "Ҳамаро ба хоки сиёҳ нишонданд". Болоравии бесобиқаи қимати маводи ғизоӣ, зиндагии бисёриҳоро дар Эрон сахт кардааст. Баъди коҳиши ёронаҳо дар Эрон нархи маводи ғизоӣ аз ҷумла нону равган ва тухм ду баробар афзуд. Эътирозҳо бар зидди болоравии нархҳоро мақомот бо зур фӯру нишонданд, аммо эрониён хашмгину ноумед боқӣ мемонанд (видео)

- "Қирғизистон - хонаи мост!" Оилаи олмонӣ аз Поволже ба Осиёи Марказӣ бадарға шуда буд ва нахост, дубора ба Олмон кӯч бандад (видео)

- Ёвари котиби давлатии ИМА дар бораи Осиёи Марказӣ, Афғонистон ва созишномаи нав бо Қирғизистон (видео КР)

- Путин ҳампаймонони "Авруосиёи Бузург"-ро даъват дорад. Тоқаев ваъдаи фароҳам овардани шароит барои тиҷорати Русияро дод (видео РК)

КОРМАНДОНИ МУҲТАРАМИ РАСОНАҲО! БО ҲАЗОРОН НАВОРИ САДОВУ ВИДЕО, АЗ ҶУМЛА, ШАКЛИ АСЛИИ САДОВУ ВИДЕОҲО БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ, КИ БАРОИ ЗАХИРА КАРДАНИ КОРШАРИКОН ДАСТРАС ҲАСТАНД, ОШНО ШАВЕД!

XS
SM
MD
LG