Лавҳаро дертар кормандони пулис рафта, канданд.
Фаъолон Инга Имонбой, Аружан Дуйсебоева, Нурбол Байтереков ва Гулнор Мирмамбетоваро боздошт ва ба шӯъбаи пулиси ноҳияи Бостандик бурданд. Ба гуфтаи вакили дифои боздоштшудаҳо Ернар Кенжебоев, додгоҳ нимаи аввали рӯз ҳар яке аз онҳоро ба “Нақзи қоидаҳои ободонии ҳудуди шаҳру маҳаллаҳо” ҳудуди 140 доллар ҷарима бастааст.
Ҷонболат Мамайи 33-соларо дар робита ба тафтиши ду парванди ҷиноӣ ба ҳабс гирифтаанд. Ӯро дар "таҳқири намояндаи давлат" ва "паҳнсозии иттилои бардурӯғ" гумонбар мекунанд. Ҷонибдоронаш парвандаҳоро таъқиби сиёсӣ унвон мекунанд.