Ссылки доступа

Зидди шаҳрванди Қазоқистон барои иштирок дар ҷанги Украина парванда боз шудааст


Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон алайҳи як шаҳрванди он кишвар, ки дар задухӯрдҳои мусаллаҳонаи Украина ширкат дошт, тафтишотро оғоз кардааст.

Ба иттилои расонаҳои маҳаллӣ, тафтишот бо банди "Ширкати ғайриқонунӣ ва қасдан дар даргириҳои мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ дар қаламрави кишвари хориҷӣ дар сурати набудани нишонаҳо зархаридӣ" боз шудааст.

Ин банд ба мӯҳлати аз панҷ то нӯҳ соли зиндонро пешбинӣ мекунад. Кумита ному насаби гумонбарро нагуфтааст ва мушаххас нест, ки ӯ ба ҷонибдорӣ аз кадом тараф ҷангидааст.

Расонаҳои Қазоқистон пештар дар бораи як шаҳрванди ин кишвар навишта буданд, ки ихтиёрӣ ба ҷонибдорӣ аз неруҳои Украина зидди низомиёни рус ҷангидааст. Аз ӯ Жасулан Дуйсембин ном бурда мешавад.

XS
SM
MD
LG