Ссылки доступа

Тирпаронӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон


Хадамоти марзбонии Қирғизистон аз тирпаронии навбатӣ дар марзи ин кишвар бо Тоҷикистон хабар додааст.

Ба огаҳии хадамот, марзбонони қирғиз гӯиё дар минтақаи Булак-Бошии ноҳияи Бодканд "сарҳадбонони кишвари ҳамсояро мушоҳида намудаанд, ки марзи шартиро убур мекарданд".

"Марзбонони Тоҷикистон талаби сарҳадбони Қирғизистонро дар бораи тарк кардани минтақа нодида гирифта, ба самти онҳо оташ кушодаанд. Дар натиҷа миёни сарҳадбонони ду кишвар тирпаронӣ сурат гирифтааст. Бино ба маълумоти пешакӣ, аз ҷониби Қирғизистон касе осеб надидааст", - омадааст дар иттилоияи Хадамоти марзбонии Қирғизистон.

Ҷониби Тоҷикистон то ҳол ин ҳодисаро шарҳ надодааст.

Тоҷикистону Қирғизистон – ду ҳамсояи наздик 970 км марзи муштарак доранд ва то ҳол беш аз нисфи ин марз то охир муайян ва аломатгузорӣ нашудааст, даҳҳо километр хати марз дар мақоми баҳсӣ қарор доранд ва ин чиз боиси ҳар сари чанд вақт сар задани низову задухӯрдҳо мешавад.

XS
SM
MD
LG