Ссылки доступа

Сӯми узбекӣ соҳиби рамз шуд


Сӯми узбекӣ, ки миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ рамзи худро надошт, баъди 30 соли мавҷудият соҳиби рамз шуд.

Дар озмуни интихоби рамзи сӯм бештар аз 17 ҳазор ариза ворид шуда буд. Дар марҳилаи аввал 508 тарҳ интихоб шуд.

"Дар ниҳоят 54 тарҳ бар марҳилаи ниҳоӣ баромад", - омадааст дар хабари расмӣ.

Дар натиҷаи ташхис тарҳе, ки аз ҷониби Сарвар Ҷумагалдиев пешниҳод шуда буд, ҳамчун "Рамзи сӯм" интихоб гардид.

Озмуни Бонки марказии Узбекистон аз 8 феврал то 31 март баргузор шуда буд.

Дар ҳоли ҳозир бахши узбекистонии шабакаҳои иҷтимоӣ зидди ин рамз вокуниш доранд. Бархе аз блогерҳо менависанд, ки рамзи интихобшуда дуздӣ аст.

XS
SM
MD
LG