Ссылки доступа

Комисияи интихоботии Қазоқистон: 77,1% аз тағйирот ба Конститутсия ҷонибдорӣ карданд


Комисияи марказии интихоботӣ ва раъйпурсии Қазоқистон субҳи 6 июн хабар дод, ки 77,18 дарсади сокинон ба ҷонибдорӣ аз тағйирот ба Конститутсия раъй додаанд.

"77,18 дарсади сокинон 6 миллиону 163 ҳазору 863 иштирокчии раъйпурсиро ташкил медиҳад", - гуфт Нурлан Абдиров, раиси Комисияи марказии интихоботӣ ва раъйпурсии Қазоқистон.

Зидди тағйирот ба Конститутсияи Қазоқистон 18,66 дарсади сокинон раъй додаанд.

1,58 дарсади баргаҳо беэътибор дониста шудаанд.

Дар маҷмуъ, ба иттилои Комисияи марказӣ, дар раъйпурсӣ 68,06 дарсад ва ё 7 миллиону 986 ҳазору 293 сокини соҳиби ҳаққи раъй ширкат кардааст.

Бино ба қонунгузории Қазоқистон, дар сурате, ки агар 50 дарсади сокинони ҳаққи раъй овоз диҳанд, раъйпурсӣ баргузоршуда дониста мешавад.

Раъйдиҳии рӯзи 5 июн дар Қазоқистон дар ҳоле баргузор шуд, ки нозирони мустақил аз қонуншиканиҳо хабар доданд.

XS
SM
MD
LG