Ссылки доступа

Иззат Амонро ба 6 соли дигари зиндон маҳкум карданд


Иззат Амон дар бинои додгоҳ. Акс аз 6-уми июни 2022

Иззат Амон, ҳомии зиндонии муҳоҷирони тоҷикро ба гуноҳи “қаллобӣ” ба шаш соли дигари ҳабс маҳкум карданд.

Ҳукм рӯзи 6-уми июн дар Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии Душанбе эълон шуд. Пештар ӯро бо айни гуноҳ нӯҳ сол аз озодӣ маҳрум карда буданд. Мақомот ҳукмашро дурусту қонунӣ мешуморанд, аммо ҷонибдоронаш дорои ангезаҳои сиёсӣ медонанд.

Мурофиа рӯзи душанбе бо ҳузури вакили мудофеъ, пайвандон ва даъвогарон гузаштааст. Маҳмадюсуф Холов, писари Иззат Амон, рӯзи 6-уми июн ба Радиои Озодӣ гуфт, омода буданд, пули даъвогаронро дар ҳузури додрасу додситонӣ пардозанд, “вале бе ягон пурсишу посух ҳукмро хонданду рафтанд.”

Иззат Амон дар додгоҳ
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:00:03 0:00

Яке аз даъвогарон ҳам гуфт, онҳоро наздикони Иззат Амон ба мурофиа хоста буданд, то биоянду пулҳои худро бигиранд. “Додрас назари моро напурсид ва ҳукмро эълон кард. Машварат карда будем, ки дар толори додгоҳ маблағамонро мегирем," – афзуд ҳамсуҳбати мо.

Пайвандони Иззат Амон мегӯянд, аз бархурди додрас нисбат ба ӯ розӣ нестанд ва бозбинии ҳукмро тақозо хоҳанд кард. Қаблан Додгоҳи олии Тоҷикистон дархости онҳоро барои бозбинии ҳукми пешинааш рад карда буд.

Иззат Амон моҳи марти соли 2021 аз шаҳрвандии Русия маҳрум ва дар фурудгоҳи Душанбе дастгиру баъдан ба гуноҳи қаллобӣ ба нӯҳ сол зиндон маҳкум шуд.

Дертар ба зидди ӯ парвандаи нав боз карданд. Мақомот гуфтанд, дастикам ду даъвогар баргардондани 17 ҳазор доллари худро хостаанд. Ҳарчанд пайвандони Иззат Амон гуфтанд, муомила солҳо пеш сурат гирифта, пули даъвогарон дода шудааст, ба хотири раҳоии ӯ омодаанд, ин маблағро дубора бисупоранд.

Ҳоло онҳо мегӯянд, зоҳиран мақомот ҷонибдори баргардондани пули даъвогарон ва раҳоии Иззат Амон нестанд, балки мехоҳанд муҳлати ҳабси ӯ дарозтар шавад.

Тарафдорони ҳуқуқдон ва ҳомии пешини муҳоҷирон бовар доранд, ки боздошту ҳабс ва иттиҳомҳои нав ба зидди Иззат Амон дар асл дорои ангезаҳои сиёсӣ буда, ба танқидҳояш аз ҳукумати Тоҷикистон рабт мегирад. Ӯ дар баробари кумаки ҳуқуқӣ ба муҳоҷирон дар Русия, дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ фаъол буд ва баъзе аз сиёсатҳои ҳукумати Тоҷикистонро зери тозиёнаи танқид мегирифт.

XS
SM
MD
LG