Ссылки доступа

Барои ба кор таъмин кардани қирғизистониҳо дар Москва марказе дар Бишкек таъсис мешавад


Дар ин бора рӯзи 7 июн Нурдавлат Бозорбоев, муовини вазири меҳнат, ҳифзи иҷтимоӣ ва муҳоҷирати Қирғизистон хабар дод.

"Русия барои муҳоҷирони Қирғизистон бозори асосӣ боқӣ мемонад. Ба иттилои мухталиф, бештар аз 700 ҳазор қирғизистонӣ барои кор ба Русия меравад. Маркази таъмини кор барои шаҳрвандон дар хориҷи кишвар бо бештар аз 20 корхонаи Русия созишномаи ҳамкорӣ дорад", - гуфт Бозорбоев.

Ба гуфтаи Бозорбоев, маркази корёбӣ барои муҳоҷирони қирғизистонӣ барои осон кардани санадгузории муҳоҷирон дар Русия ва корёбии онҳо мусоидат мекунад.

XS
SM
MD
LG