Ссылки доступа

Аз Фаромуз Иргашов то Хурсанд Мамадшоев. Интиқоли 7 боздоштшуда аз Хоруғ ба Душанбе


Фаромуз Иргашов ва аъзои дигари "Комиссияи 44". Акс аз бойгонӣ
Фаромуз Иргашов ва аъзои дигари "Комиссияи 44". Акс аз бойгонӣ

Ба иттилои дарёфтӣ, ҳафт узви боздоштшудаи "Комиссияи 44", иборат аз намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии Бадахшонро аз Хоруғ ба Душанбе фиристодаанд. Сабаби тасмим маълум нест. Мақомот дар бораи боздошту иттиҳоми зидди онҳо чизе намегӯянд.

Ба камияш се манбаи аз ҳам ҷудои Радиои Озодӣ рӯзи 6-уми июн гуфтанд, ин афрод ба "гирифтани маблағ аз хориҷа" гумонбаранд ва дар боздоштгоҳи Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон нигоҳдорӣ хоҳанд шуд. Мавқеи худи онҳо ва ё шахсони наздикашон дастрас нест.

Радиои Озодӣ то ин дам номи панҷ нафари онҳоро маълум кард:

  • Фаромуз Иргашев – ҳуқуқдон ва довталаби курсии президентӣ дар интихоботи соли 2020, ки номзадиаш сабтином нашуд;
  • Хурсанд Мамадшоев – бародари рӯзноманигор ва фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ Улфатхоним Мамадшоева;
  • Манучеҳр Холиқназаров – мудири Анҷумани ҳуқуқшиносони Помир ва узви Эътилофи зидди шиканҷа;
  • Музаффар Муборакшоев – фаъоли ҷомеаи шаҳрвандии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон;
  • Бахтовар Бахтиёров – фаъоли ҷомеаи шаҳрвандии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон.

Охири моҳи майи имсол сездаҳ узви "Комиссияи 44" дар Хоруғ ба бозпурсӣ даъват шуда, баъзе аз онҳо раҳо, вале қисме дастгир гардиданд.

"Онҳоро гуё ба гирифтани пул аз Муҳиддин Кабирӣ, раиси Паймони миллӣ ва Ҳизби наҳзати исломӣ, ду созмони мамнуъ дар Тоҷикистон, муттаҳам донистаанд," – гуфт як ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ дар Бадахшон рӯзи душанбе. Ба далели амниятӣ номаш зикр намешавад.

Мақомот дар ин бора ба таври расмӣ чизе намегӯянд. Дар гузориши телевизионҳои давлатӣ баъзе норозиёнро дар Бадахшон ба гирифтани "дастуру маблағ аз хориҷа" муттаҳам медонанд. Мухолифон беасос ва баҳонае ба саркӯби норозиёну фаъолони Бадахшон медонанд.

Афроди наздик ба "Комиссияи 44" дарёфти маблағро аз берун рад намекунанд, аммо мегӯянд, онро зодагони Бадахшон аз Русия фиристодаанд, на мухолифини ҳукумат аз Аврупо.

"Танҳо муҳоҷирон, зодагони Бадахшон, барои доштани дафтари корӣ ва таҳияи санадҳои "Комиссияи 44" мадад кардаанд. Он ҳам ба рубли русӣ. Ҳуҷҷати бонк ҳаст. Мардум фақат мехостанд, ҳақ ба ҳақдор бирасад. "Комиссияи 44" намояндаи онҳо буд," – илова кард мусоҳиби мо.

"Комиссияи 44" дар пайи эътирозҳои моҳи ноябри соли 2021 дар маркази вилояти Бадахшон ташкил шуд. Ба он асосан фаъолон ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии ВМКБ шомиланд.

Шаш нафари онҳо узви гуруҳе ҳастанд, ки аз муфаттишони Додситонии кул ва Додситонии ҳарбӣ иборат буда, ҳодисаҳои моҳи ноябри соли гузаштаро дар Хоруғ таҳқиқ доранд.

Танишҳо дар Бадахшон моҳи ноябри соли гузашта, баъди он авҷ гирифт, ки дар натиҷаи амалиёти нерӯҳои амниятӣ Гулбиддин Зиёбеков, як сокини Роштқалъа, кушта шуд. Дар ҷараёни тазоҳуроте, ки баъди он бархост, ду нафари дигар ба ҳалокат расиданд ва 17 нафар ҷароҳат бардоштанд.

Аъзои "Комиссияи 44" дар ин ҳодиса музокиракунандаи асосӣ бо мақомот буданд. Бо миёнравии онҳо ба эътирози чаҳоррӯза дар Хоруғ хотима дода шуд, аммо баъдан аз тарзи кори муфаттишон ва шеваи таҳқиқи ҳодисаҳо ибрози норозигӣ карданд.

XS
SM
MD
LG