Ссылки доступа

Бонки ҷаҳонӣ ба Украина қариб 1,5 миллиард доллар кӯмак мекунад


Шӯрои мудирони Бонки ҷаҳонӣ рӯзи 7 июн кӯмаки иловагии молиро барои Украина дар ҳаҷми 1,49 млрд доллар тасдиқ кард.

Ин маблағҳо на барои ниёзҳои низомӣ, балки барои пардохти маоши кормандони давлатӣ ва бахши иҷтимоӣ харҷ мешаванд.

Маблағҳои ҷудошуда қисме аз бастаи кӯмаки молӣ барои Украина аст, ки дар ҳаҷми 4 млрд доллар аз сӯи Бонки ҷаҳонӣ пешбинӣ шудааст.

"Гуруҳи Бонки ҷаҳонӣ барои ҳимоят аз Украина ва сокинони он дар замони ҷанг ба қабули чораҳои фаврӣ идома медиҳад", - гуфт Дэвид Малпасс, президенти Гуруҳи Бонки ҷаҳонӣ.

Бонки ҷаҳонӣ дар гузориши тозааш пешбинӣ кардааст, ки иқтисоди Русия дар соли равон қариб 9 дарсад кам мешавад.

Дар пайи ҳамлаи бедалели Русия ба Украина дар моҳи феврали имсол, кишварҳои Ғарбӣ алайҳи Маскав таҳримҳои сахт ҷорӣ карданд. Дар пайи ин таҳримҳо садҳо ширкат корашонро дар Русия қатъ карданд.

Бонки ҷаҳонӣ ҳам гуфтааст, иқтисоди Русия дар соли равон қариб 9 ва дар соли оянда 2 дарсад кам хоҳад шуд. Бар асоси пешбинии ин ниҳоди бонуфузи молӣ, иқтисоди Русия танҳо дар соли 2024 ба раванди рушд бармегардад ва 2,2 дарсад афзоиш хоҳад ёфт.

Муаллифони гузориши Бонки ҷаҳонӣ, омили асосии коҳиши иқтисоди Русияро ба ҳамлаи ин кишвар ба Украина рабт додаанд. Бонки ҷаҳонӣ гуфтааст, ҳамлаи Русия бӯҳрони башардӯстонаро ба миён овард ва ноустувории вазъи геополитикии ҷаҳониро афзоиш дод.

Коҳиши иқтисоди Русия барои Тоҷикистон, бахусус муҳоҷирон хабари бад аст. Чун ҳудуди як миллион шаҳрванди Тоҷикистон ҳамасола барои дарёфти кору даромад ба Русия мераванд. Коршиносон мегӯянд, кам шудани даромад дар Русия ба будҷаи садҳо хонавода дар Тоҷикистон таъсири манфӣ мерасонад.

XS
SM
MD
LG