Ссылки доступа

Муовини дабири СММ Амина Муҳаммад вориди Узбекистон шуд


Сафари Амина Муҳаммад, муовини дабири СММ дар Узбекистон рӯзҳои 8-9 июн давом мекунад, хабар дод маркази матбуотии вазорати корҳои хориҷии Узбекистон.

Амина Муҳаммад дар ин сафар дар Сенати Олий Маҷлис, Оҷонси кор бо ҷавонон ва ҳамчунин бо занони фаъоли Узбекистон мулоқот мекунад.

Амина Муҳаммад 5 июн ба минтақаи Осиёи Марказӣ омада, то 12 июн дар кишварҳои Осиёи Марказӣ хоҳад буд. Вай дар як конфронси бахшида ба Даҳсолаи амали "Об барои рушди устувор" дар Душанбе ширкат кард.

Амина Муҳаммад ҳамчунин ба Туркманистону Қазоқистон ва Қирғизистон сафар мекунад.

Дар ин сафар Амина Муҳаммад шахсан бо мақомоти кишварҳои Осиёи Марказӣ, кормандони СММ, инчунин намояндагони ҷавонону занон, созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ мулоқот мекунад.

XS
SM
MD
LG