Ссылки доступа

Иттиҳоди Аврупо сафирашро дар Тоҷикистон дигар кард


Раймундас Кароблис, муовини вазири корҳои хориҷии Литваро рӯзи 8-уми июн сафири нави Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон таъйин карданд.

Аз соли 2018 дар ин мақом дипломати шведӣ, Мэрилин Йозефсон, кор мекард. Ӯ раиси намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Қирғизистон таъин шуд.

Кароблис 54-сола аст ва бахши ҳуқуқи Донишгоҳи Вилнюсро хатм кардааст. Дар гузашта вазири дифои Литва буд.

Иттиҳоди Аврупо яке аз шарикони муҳими Тоҷикистон ба шумор меравад ва дар солҳои 2014-2020, дар умум, 227 миллион евро ёрӣ кардааст, аммо аз маҳдудияти дастрасӣ ба интернету озодии баён ва нақзи ҳуқуқи одамон дар кишвар норозист.

Ин дар ҳолест, ки мухолифин ва созмонҳои ҳомии ҳуқуқи инсон солҳои охир Иттиҳоди Аврупоро ба “чашмпӯшӣ” ба поймолшавии ҳуқуқи одамону озодиҳои бунёдӣ дар Тоҷикистону кишварҳои дигари минтақа танқид мекунанд.

Моҳи ноябри соли 2021 чанд созмони ҳомии ҳуқуқ аз намояндагони Иттиҳоди Аврупо хоста буданд, ки ҳангоми сафар ба Тоҷикистон барои поён додан ба нақзи ҳуқуқи одамон фишор биоранд. Дар суҳбатҳо дар ин бора чизе шунида нашуд. Он замон баъзе коршиносон тахмин зада буданд, ки эҳтимол Иттиҳоди Аврупо барои буҳрони Афғонистон ба масъалаи ҳуқуқи башар "чашм пӯшид".

Иттиҳоди Аврупо моҳи майи имсол дар изҳороти муштарак бо Амрико ва Фаронсаву Бритониё рӯйдодҳои охирро дар Бадахшон "даргирии хушунатомези дохилӣ" номида, аз тарафҳо хост, "аз истифодаи бемеъёри қувва" ва "даъват ба зӯроварӣ" даст кашанд.

XS
SM
MD
LG