Ссылки доступа

Дар робита ба марги як кӯдак дар ҳавзе дар Қирғизистон омӯзгорони мактаб аз кор ронда шуданд


Комисияи таҳқиқи марги як кӯдак дар ҳавзи "Ала-Тоо" дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон фаъолияти худро ҷамъбаст кард.

Ба иттилои маркази матбуотии ҳукумати шаҳри Бишкек, бино ба хулосаи комисия, шаш омӯзгор ва муовини мудири мактабе аз кор ронда шуданд, ки кӯдаки ғарқшуда онҷо таҳсил мекард.

Ба иттилои комисия, рӯзи истироҳат дар ҳавзро роҳбарони 13 синф ташкил кардаанд. "Аммо маъмурияти мактаб ва масъулони кор бо кӯдакон аз ин чорабинӣ огоҳ набуданд. Ба ҳамин далел, дар рӯзи истироҳати кӯдакон дар ҳавз нозири кӯдакон ҳузур надошт", - омадааст дар хулосаи комисия.

Ба иттилои шаҳрдорӣ, ҳамон рӯзи ҳодиса ба ҳавз 232 кӯдак, 9 роҳбари синф ва 9 нафар волидон омада буданд.

Рӯзи 6 июн дар ҳави "Ала-Тоо" хонандаи синфи 3 аз мактаби миёнаи 95 фавтид. Пулис бо моддаи "Аз рӯи беэҳтиётӣ ба марг расонидан" ва "Эҷоди хатар барои истеъмолгарон" парванда боз кард.

XS
SM
MD
LG