Ссылки доступа

Дар ҳодисаи пахши мошин дар Берлин омӯзгор фавтид ва хонандагон ҷароҳат бардоштанд


Дар ҳодисаи пахши издиҳоми одамон бо нақлиёт дар шаҳри Берлини Олмон як омӯзгор фавтида, 14 хонандаи мактаб ҷароҳат бардоштааст.

Ҳодиса дар кӯчаи Ранкештрасси ноҳияи Шарлоттенбурги Берлин рух дод, ки серодам аст. Бино ба баҳогузориҳои гуногун, то 30 кас ҷароҳат бардоштааст.

Гуруҳи хонанагон аз минтақаи Гессени Олмон ба тамошои шаҳри Берлин омада буданд.

Бино ба иттилои пулис, пушти фармони мошин сокини 29-солаи Берлин менишаст. Вай ҳам шаҳрванди Олмон ва ҳам шаҳрванди Арманистон аст. Пулис ӯро боздошт кардааст ва айни замон эҳтимоли барқасдона будани ин ҳамла омӯхта мешавад.

Дар ҳамин кӯча охири соли 2016 ҳамла рух дода буд. Он замон як мошини боркаш издиҳоми одамонро пахш кард. Дар натиҷа 12 кас кушта ва 50 тани дигар маҷруҳ шуда буданд.

XS
SM
MD
LG