Ссылки доступа

Дар бозору мағозаҳои Узбекистон барои шакар ҷанҷол мешавад (видео)


Дар рӯзҳои охир дар Узбекистон дар бархе аз мағозаҳо барои хариди шакар навбатпойӣ дида мешавад.

"Ба бовари мутахассисон, ҳеч баҳонае барои сару садоҳо нест - дар Узбекистон камчинии шакар сар намезанад. Ҳаҷми истеҳсоли шакар дар соли ҷорӣ 720 ҳазор тонаро ташкил медиҳад, ки нисбати соли гузашта 22% бештар аст. Ҳамзамон, воридоти шакар ва маводи хоми он аз 643 ҳазор тонаи соли гузашта ба 900 ҳазор тона хоҳад расид", - хабар додан аз дастгоҳи президенти Узбекистон.

XS
SM
MD
LG