Ссылки доступа

Сиёсатшиноси қирғизистонӣ Марат Казакпаевро аз боздоштгоҳ ба бемористон бурданд


Марат Казакпаев, сиёсатшиноси қирғизистониро, ки дар боздоштгоҳ қарор дошт, ба далели бадшавии вазъи сиҳатиаш ба бемористон интиқол доданд. Дар ин бора вакили мудофеи вай Икромиддин Айтқулов хабар дод.

Вакили мудофеъ гуфт, Казакпаев, дар бемористони шаҳрии №1 бистарӣ шудааст.

Мақомоти Қирғизистон ин хабарро ҳанӯз шарҳ надодаанд.

Кумитаи давлатии амнияти миллии (КДАМ) Қирғизистон моҳи апрели соли 2021 аз боздошти Казакпаев хабар дода буд.

Сиёсатшиноси қирғизистонӣ Марат Казакпаев бо гумони хиёнат ба давлат боздошт шудааст.

Масъулони КДАМ гуфта буданд, ҷузъиёти парванда баъди ба поён расидани тафтишот ба ҷомеа расонида хоҳад шуд.

Дар қонунгузории кунунии Қирғизистон хиёнат ба давлат ҷиноят шумурда шуда, барои он 10 соли зиндон пешбинӣ гаштааст.

XS
SM
MD
LG