Ссылки доступа

Мухлисон дар бозии дастаҳои футболи Узбекистону Ироқ сангандозӣ карданд


Иллюстративное фото
Иллюстративное фото

Мухлисон дар ҷараёни бозии мунтахабҳои футболи ҷавонони Узбекистон ва Ироқ ба майдон санг ҳаво доданд. Дар натиҷа як аккос ва як наворбардор осеб дидаанд.

Сармураббии мунтахаби футболи ҷавонони Ироқ (U-23) Мирослав Соукуп дар суҳбат бо "Газета. уз" гуфтааст, маҷбур буданд, бозиро, ки дар майдони "Пахтакор"-и шаҳри Тошканд ҷараён дошт, боз доранд.

"Бори нахуст дар таърихи фаъолиятам зери сангандозиҳо футбол бозӣ кардем. Бозигарони ман наметавонистанд, тамрин кунанд. Ситоди мураббиён натавонистанд аз ҷойи эҳтиётӣ берун шаванд. Зеро мухлисон ба тарафи мо санг ҳаво медоданд. Ман аз Конфедератсияи футболи Осиё пурсиданӣ ҳастам, ки ин амал дуруст аст? Маъзарат мехоҳам, вале бозиро бояд боз медоштам. Ман намехоҳам, бозиро шарҳ диҳам", - афзуд ӯ.

Раиси Ҳизби "Миллий тикланиш" Алишер Қодиров гуфт, мухлисоне, ки санг ҳаво доданд, тасаввур кунанд, ки ба рӯи ҷавонон, мардум ва кишвари худ санг андохтаанд.

Ёдрас мешавем, бозии 11 июн ба нафъи мунтахаби футболи ҷавонони Узбекистон бо ҳисоби 3:2 ба поён расид.

XS
SM
MD
LG