Ба иттилои Додситонии кулли Қирғизистон, зидди корманди наҷоти аквапарк бо бандҳои "Аз беэҳтиётӣ боиси марги инсон шудан" ва "Ба вуҷуд овардани хатар ба истеъмолкунандагон" парвандаи ҷиноӣ боз карда шудааст.
Ҳамчунин шаҳрдории Бишкек 10 июн аз барканории Ойгул Шимова, мудири мактаби рақами 95 хабар додааст, ки хонандаи мазкур дар он дарс мехонд. Ба ҷуз ин, ду моувини мудир низ аз мақомҳояшон барканор шудаанд.
Расонаҳои Қирғизистон 3 июн хабар доданд, ки як хонандаи синфи 3-и мактаби рақами 95 дар ҳавзи шиноварии "Ала-Тоо" ҷон бохтааст. Он замон дар ҳавз 292 нафар шиноварӣ карда, 13 корманди наҷот кудаконро назорат мекарданд.