Тазоҳургарон зидди истифодаи дастгоҳҳои хазинавии назоратӣ (ДХН) буда, аз ҳукумати Қирғизистон талаб доранд, ки низоми патент боқӣ монад.
Ба назди тазоҳургарон раиси Девони вазирони Қирғизистон Оқилбек Жапаров баромад, ӯ эълон кард, ки ба насби дастгоҳҳои хазинавӣ-назоратӣ мораторияи 10-рӯза ҷорӣ ва ҷаримаҳо бекор карда мешаванд. Вай даъват кард, ки 10 нафар аз манотиқи гуногуни Қирғизистон ҷамъ шаванд. "Мо якҷоя кӯшиш мекунем, ки роҳҳои ҳалли масъаларо пайдо кунем" гуфт ӯ.
Дар вилояти Таласи он кишвар низ соҳибкорон зидди ҷорӣ кардани дастгоҳҳои хазинавии назоратӣ имрӯз тазоҳурот карданд.
Гуруҳе аз соҳибкорони Қирғизистон 30 майи имсол дар назди бинои маъмурияти президент ва девони вазирони он кишвар дар шаҳри Бишкек зидди истифодаи ДХН тазоҳурот карда буданд.
Порлумони Қирғизистон 22 декабри соли гузашта лоиҳаи Кодекси нави андози ин кишварро ба тасвиб расонд, ки роҳандозии дастгоҳҳои назоратии кассавиро дар марказҳои савдо пешбинӣ мекунад.