Ссылки доступа

Муҳоҷирони қирғиз дар Русия тавассути "чатбот" машварат мегиранд


Сафорати Қирғизистон дар Русия "чатбот"-еро роҳандозӣ кардааст, ки шаҳрвандон метавонанд тавассути он дар бораи масъалаҳои консулгарӣ маълумот пайдо кунанд.

Ба огаҳии Вазорати умури хориҷии Қирғизистон, ин канал дар паёмакрасони Телеграм боз шуда, муҳоҷирон метавонанд ҳамаи маълумоти заруриро бо забонҳои русӣ ва қирғизӣ аз он дастрас намоянд.

Беш аз як миллион муҳоҷири қирғиз дар Русия кору зиндагӣ мекунанд. Пештар аз онҳо даъват шуда буд, ки барои гирифтани машваратҳои ҳуқуқӣ ба намояндагиҳои дипломатии Қирғизистон дар Русия муроҷиат кунанд.

Дар ҳоли ҳозир беш аз ҳазор қирғизистонӣ дар зиндонҳои Русия бо моддаҳои гуногун адои ҷазо мекунанд. 30%-и онҳо ба қочоқи маводи мухаддир айбдор шудаанд.

XS
SM
MD
LG