Мақомоти Тоҷикистон ба таври расмӣ ҳодиса ва кушта шудани сарбозро шарҳ намедиҳанд. Манобеи Радиои Озодӣ дар Исфара гуфтанд, марзбони кушташуда аз ноҳияи Ҷайҳун аст ва ҳоло дар сардхона (морг)-и яке аз бемористонҳои Исфара нигаҳдорӣ мешавад.
Муноқиша дар марзи Исфара ва Бодканд субҳи 14-уми июн рӯй дод. Хадамоти марзбонии Қирғизистон вазъро "муташанниҷ" тасвир кардааст.
Бахши қирғизии Радиои Озодӣ бо такя ба Хадамоти марзбонии Қирғизистон навишт, ҳодиса тақрибан соати ҳафти субҳи сешанбе дар минтақаи Булак-Баши дар рӯбарӯи постгоҳи "Кех"-и Тоҷикистон рух додааст. Ҷониби Қирғизистон иддао кардааст, ки аввал марзбонони тоҷик тир холӣ карданд.
Назари мақомоти Тоҷикистон ба ҳодиса то кунун дастрас нест, вале қаблан ҷониби Тоҷикистон марзбонони кишвари ҳамсояро ба "иғвоангезӣ" муттаҳам карда буд.
Ба иттилои Хадамоти марзбонии Қирғизистон, пас аз тирандозӣ фармондеҳони постгоҳҳои марзбонӣ ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуданд, вале ба гуфтаи манбаъ, тақрибан соати 8 бо истифода аз гранатомёт ва миномёт тирандозӣ идома кардааст.
Бахши қирғизии Радиои Озодӣ мегӯяд, дар ҳоли ҳозир тирандозӣ бас шудааст ва намояндагони марзбонии ду кишвар сабабҳои ҳодисаро баррасӣ мекунанд.
Давоми даҳ рӯзи ахир бори дувум аст, ки дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон байни сарҳадбонони ду кишвар тирандозӣ сурат мегирад. Рӯзи 3-юми июн дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон байни сарҳадбонони тоҷику қирғиз тирандозӣ сар зад ва ба гуфтаи мақомоти Бишкек ду сарҳадбони он кишвар захмӣ шудаанд.
Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ҳам дар изҳороте гуфт, тирандозӣ рӯзи 3-юми июн соати 10:40 ба вақти маҳаллӣ ва баъди он рух дод, ки "сарбозони қирғиз барқасдона ба маҳалли назорати посгоҳи марзи “Кех” дар маҳаллаи Ворухи ноҳияи Исфара ворид шуданд".
Тақрибан нисфе аз марзи 970 километрии Тоҷикистону Қирғизистон таъйину аломатгузорӣ нашудааст ва аз ин сабаб байни сокинони ду тарафи марз барои обу замину чарогоҳ муноқиша сар мезанад.
Моҳи апрели имсол як марзбони тоҷик дар натиҷаи тирандозӣ кушта шуд ва ду марзбони қирғизу чаҳор ғайринизомӣ захм бардоштанд. Моҳи апрели соли 2021 муноқиша бо ширкати марзбонони тоҷику қирғиз аз ҳарду тараф даҳҳо куштаву захмӣ барҷой гузошт.