Ба огаҳии намояндагии Вазорати умури дохилии Қирғизистон дар Русия, тафтишот муайян кардааст, ки гуруҳи мазкурро зодаи вилояти Норини он кишвар А.А., маъруф бо лақаби "Карагер" раҳбарӣ мекардааст. А.А. қаблан бо ҷурми куштор, авбошӣ, ғоратгарӣ ва қаллобӣ суд шудааст.
Манбаъ афзуда, ки бо гумони узвият дар ин гуруҳ 8 шаҳрванди Қирғизистон, аз ҷумла раҳбари гуруҳ А.А. дастгир карда шудааст, ки аз 19 то 40 сол доранд.
Тибқи иттилои расмӣ, 1 миллиону 118 ҳазор шаҳрванди Қирғизистон дар кишварҳои хориҷ кор мекунанд. Як миллиони онҳо дар Русия ҳастанд.