Ссылки доступа

Қирғизистон як пулиси тоҷикро дастгир кардааст


Хадамоти мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири Қирғизистон гуруҳи қочоқчиёнеро дастгир кардааст, ки гуфта мешавад, дар миёнашон як корманди Вазорати умури дохилии Тоҷикистон низ ҳаст.

Ба огаҳии хадамоти матбуотии Вазорати умури дохилии Қирғизистон, "ин гуруҳи фаромиллӣ бо қочоқи маводи мухаддир аз Афғонистон, тавассути Тоҷикистону Қирғизистон ба Қазоқистон машғул будааст".

Зидди боздоштшудаҳо, ки дар миёнашон шаҳрвандони Қирғизистон, Қазоқистон ва Тоҷикистон низ ҳастанд, бо банди "Ғайриқонунӣ омода кардани воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва монанди онҳо бо мақсади фурӯш" парвандаи ҷиноӣ боз карда шудааст.

Манбаъ афзуда, ки гуруҳи ҷиноиро шаҳрванди Тоҷикистон, О.А., соли таваллудаш 1960 раҳбарӣ мекард. Ҳамчунин гӯиё сержанти калони милитсия ва нозири Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, И.М, соли таваллудаш 1982 низ шомили гуруҳ будааст. Дар бораи шахсияти аъзои боқимондаи гуруҳ чизе гуфта нашудааст.

Ҳангоми боздошт аз гумонбарон беш аз 11 кило афюн ва ҳудуди 22 кило ҳашиш мусодира карда шудааст.

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон то ҳол ин хабарро шарҳ надодааст.

XS
SM
MD
LG