Раҳбари қурултой худи Тоқаев интихоб ва муовинаш мушовири президенти Қазоқистон Ерлан Карин таъйин шудааст.
Ерлан Карин гуфт, ба ҳайати аъзои қурултой намояндагони тамоми шӯроҳои минтақавии ҷамъиятӣ, аз ҷумла нависандаи халқии Қазоқистон Мухтор Шаханов, аввалин кайҳоннаварди қазоқ Токтар Аубакиров, ходими маъруфи давлатӣ Алихон Байменов, рӯзноманигор Ермурат Бапӣ шомил шудаанд.
Ба гуфтаи Карин, Қурултойи миллии Қазоқистон ҳамчун “минбари муколама барои дарёфту рушди ғояҳо ва қадамҳо дар самти таҳкиму тавсеаи иттиҳоди ҷомеаи он кишвар ташкил шудааст".