Бино ба иттилои дафтари матбуотии Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Узбекистон, бинои коргоҳ хароб ва ронандаи мошини боркаш дар беморхона бистарӣ шуда, вазъаш қаноатбахш арзёбӣ карда мешавад.
Вазорат афзудааст, ки дар натиҷаи таркиш ягон коргари ширкат осеб надидааст
Манбаъ афзуда, ки намояндагони вазоратҳои ҳолатҳои фавқулода, умури дохилӣ, додситонӣ, горди миллӣ ва мақомоти маҳаллӣ дар ҷои ҳодиса қарор дошта, корҳо барои рафъи оқибатҳои таркиш идома доранд.