Ссылки доступа

Абдулазиз Комилов намояндаи махсуси президенти Узбекистон дар умури сиёсати хориҷӣ таъйин шуд


Абдулазиз Комилов, муовини котиби Шӯрои амнияти Узбекистон намояндаи махсуси президенти он кишвар дар умури сиёсати хориҷӣ таъин шудааст.

Дар ин бора Хадамоти матбуотии президенти Узбекистон иттилоъ додааст.

Комилов, ки 10 соли ахир вазири корҳои хориҷии Узбекистон буд, моҳи апрели имсол аз мақом барканор ва муовини котиби Шӯрои амнияти он кишвар таъйин шуд. Ӯ бори охир дар мазҳари ом рӯзи 17 март ҳозир шуда буд. Он замон Комилов мавқеи Узбекистонро дар баробари вазъи Украина шарҳ дода буд.

"Узбекистон истиқлол, ягонагӣ ва тамомияти арзии Украинаро эътироф мекунад. Мо ҷумҳуриҳои халқии Луганск ва Донетскро эътироф намекунем", - гуфта буд он замон вазири корҳои хориҷии Узбекистон.

Абдулазиз Комилов ибтидои соли 2013 ба мақоми вазири корҳои хориҷии Узбекистон таъйин шуда будю

XS
SM
MD
LG