Ссылки доступа

Қирғизистон оғози соли хонишро ба 1 сентябр бармегардонад


Вазири маорифи Қирғизистон Алмосбек Бейшеналиев хабар дод, ки тасмим доранд, оғози соли хонишро дар мактабҳои он кишвар ба 1 сентябр баргардонанд.

Вазорат пештар хабар дода буд, ки муроҷиати сокинон барои баргардондани оғози соли хониш ба 1 сентябро баррасӣ мекунад.

Қирғизистон соли 2021 оғози соли хонишро 15 сентябр таъйин карда буд. Мақомоти қирғиз гуфтанд, ин тасмим ба далели пандемияи коронавирус ва гузариши тадриҷӣ ба низоми фосилавии таҳсил гирифта шудааст.

Моуивни вазири маорифи Қирғизистон Расул Авазбек уулу моҳи июн гуфта буд, ки шумори зиёди волидон ба ин нҳод муроҷиат карда, хостаанд, оғози соли нави хониш ба 1 сентябр баргардонида шавад.

Вакили порлумони Қирғизистон Аида Исатбек қизӣ изҳор дошт, ки таъйини оғози соли хониш дар рӯзи 15 сентябр барои волидон, хонандагон ва омӯзгорон мушкилиҳоеро пеш овардааст.

XS
SM
MD
LG