Ин вохӯрӣ дар ҳошияи ҳамоиши минтақавӣ оид ба Ҳадафҳои рушди устувор дар шаҳри Алмато баргузор шудааст.
Жапаров афзудааст, "раҳбарони Қазоқистону Қирғизистон вазифа гузоштаанд, ки ҳаҷми табодули мол миёни ду кишвар то ба 2 миллиард доллар расонида шавад. Ӯ фароҳам овардани шароит барои интиқоли озоди молу хидматрасонӣ миёни ду кишварро хеле зарур номидааст.
Дар марзи Қирғизистон бо Қазоқистон ҷамъшавии мошинҳои боркаш ба такрор рух медиҳад. Тафтишҳои сахт дар марзи Қазоқистон боиси ҷамъшавии мошинҳои боркаш мешавад. Ин ҳолат боиси баҳсҳои ду кишвар гаштааст. Дар солҳои гузашта ин баҳс то ба Созмони тиҷорати ҷаҳонӣ расида буд.