Ссылки доступа

Дар АМТ-и Қазоқистон садамаи марговар рух дод


Дар корхонаи металлургии "АрселорМиттал Темиртау" (АМТ) дар шаҳри Темиртауи Қазоқистон рӯзи 16 июн боз садамаи маргбор рух дод.

Ҳангоми иҷрои корҳои васлкунӣ дар яке аз дегҳои "ТЭЦ-2" як коргари 35-сола аз баландии чанд метр ба замин афтода, ҳалок шудааст.

Дар ҳукумати вилояти Қарағандаи Қазоқистон ба хабарнигори бахши қазоқии Радиои Озодӣ гуфтанд, ки нафари ҳалокшуда корманди ширкати пудратчии АМТ мебошад.

Дертар раҳбарияти ширкати пудратчии "AB Construction" бо тасдиқи хабар гуфт, қазияро таҳқиқ мекунанд.

Ин бори панҷум аст, ки дар давоми як ҳафтаи ахир дар корхонаи АМТ садамаи маргбор рух медиҳад. Рӯзи 10 июн дар натиҷаи як садамаи дигар дар он корхона чаҳор кас ҷон бохта буданд.

XS
SM
MD
LG