Бино ба иттилои расонаҳои маҳаллӣ, домод - сокини ноҳияи Узуни вилояти Сурхондарё аз арӯс бахшиш пурсида, ваъда додааст, ки "ин амалашро дигар такрор намекунад". Модари арӯс низ дар суҳбат бо "Mening Yurtim" тасдиқ кардааст, ки домод узр пурсид.
"Худро идора карда натавонистам ва дастам баланд шуд. Як нофаҳмӣ буд ва ҳал шуд. Тӯй идома кард. Ман аз арӯс бахшиш пурсидам. Дигар такрор намешавад", - гуфтааст домод.
Саҳнаи ба сари арӯси нав задани домод дар шаби арӯсӣ дар чанд рӯзи гузашта дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва Интернет паҳн шуд ва ба он дар матбуоти хориҷӣ, аз ҷумла, нашрияи олмонии Bild, Daily Mail-и Бритониё ва шабакаи телевизионии Корея JTBC чун намунаи барҷаставу маъмулии хушунат нисбати зан таваҷҷӯҳ карданд.
Ҳаҷми сабт 30 сония аст ва дар он бараъло дида мешавад, ки домод аз пушти сари арӯсаш зарба мезанад. Дӯсти домод ин ҳолатро ба ханда мегирад, вале баъди лаҳзае назди арӯс зани миёнасоле омада ӯро ба ҷои дигар мебарад. Меҳмонҳо хомӯш мешаванд, вале касе аз онҳо домодро танқид ё накӯҳиш намекунад. Домод ба ин ҳолат мисле ки бепарвоёна нигоҳ мекунад.