Ссылки доступа

Аз як гузаргоҳи марзии Узбекистону Қирғизистон рӯзона беш аз 17 ҳазор кас мегузарад


Шумори мусофироне, ки аз гузаргоҳи марзии Узбекистону Қирғизистон - "Дустлик/Достук" мегузаранд, баъди бекор шудани маҳдудиятҳои марбут ба коронавирус ба беш аз 17 ҳазор расидааст.

Намояндагони Хадамоти марзбонии Қирғизистон мегӯянд, дар гузашта шумори онҳое, ки аз марзи ду кишвар мегузаштанд, танҳо рӯзҳои сешанбе ва панҷшанбе ба далели рафтан ба бозори Қарасу ба 15 ҳазор мерасид ва рӯзҳои боқӣ теъдоди мусофирон камтар буд.

Хабарнигори бахши қирғизии Радиои Озодӣ 14 июн барои ошноӣ бо вазъ ба гузаргоҳи "Дустлик/Достук" рафт.

Ба гуфтаи хабарнигор, аз гузаргоҳи мазкур асосан ду тоифа мегузаранд. Тоҷироне, ки барои хариди мол ба бозори Қарасуи Қирғизистон мераванд ва занҳое, ки дар интиқоли мол ба тоҷирон кумак мекунанд.

XS
SM
MD
LG