Ҳукумати Қазоқистон барои пешгирӣ аз гароншавии нархҳо ҳудуди 100 миллиард танга ҷудо кардааст. Ба иттилои расонаи Orda.kz, 81 миллиарди ин маблағ барои додани қарзҳои боимтиёз ва 16,8 миллиард тангаи дигар барои ташкили фондҳои муътадилсозӣ пешбинӣ гаштааст.
"Аммо таъсир нарасонд ва нархҳо гарон шуданд. Беҳтар аст, ин пулро ба ҷои шабакаҳои савдо бевосита ба сокинон тақсим кунем. Мо тақрибан як миллион сокини камбизоат дорем. Аз ҳама бештар онҳо аз гароншавии нархҳо зарар мебинанд. Агар пеши роҳи гароншавии нархҳоро гирифта наметавонед, сокинонро бевосита кумак кунед", - изҳор доштааст вакил.
Мақомоти Қазоқистон солҳои ахир барои пешгирӣ аз афзоиши таваррум талошҳои беҳуда мекунанд. Бюрои омори миллии Агентии банақшагирии стратегӣ ва ислоҳоти Қазоқистон моҳи апрели имсол хабар дода буд, ки аз моҳи марти соли 2021 нархи маводи ғизоӣ дар он кишвар беш аз 15 дарсад боло рафтааст.