Ссылки доступа

Аскар Оқоев бори нахуст ҳодисаҳои моҳи январи Қазоқистонро шарҳ дод


Президенти пешини Қирғизистон Аскар Оқоев дар шарҳи ҳодисаҳои моҳи январи Қазоқистон гуфт, эътирозҳо дар кишварҳо замоне сар мезананд, ки раҳбарон пешравӣ накунанд.

Оқоев 19 июн барои ироаи маъруза ба Донишгоҳи миллии Қазоқистон рафта буд ва дар посух ба суоли хабарнигори бахши қазоқии Радиои Озодӣ дар ин бора изҳори назар кард.

"Ба назари ман, ҳар як халқ, ҳар як миллат мехоҳад, ҳар замон ба сатҳи нави рушду тараққӣ бирасад. Ин як раванди табиӣ аст. Метавон гуфт, ки ин рӯйдодҳо баъзан бе эътирози иҷтимоӣ мешаванд, агар роҳбарон тараққипарвар бошанд. Аммо агар роҳбарон ақибнишинӣ кунанд, мардум низ эътироз мекунанд. Тавре мебинед, ин ҳодисаҳо боиси воқеаи таърихӣ — раъйпурсӣ гардид, ки дар он мардуми Қазоқистон дар назди худ мақсади нав — барпо намудани ҷумҳурии нав, шукуфон, одилона ва нерӯманд гузоштанд", — гуфтааст Оқоев. ​

Дар Қирғизистон 24-уми марти соли 2005 эътирозҳои мардумӣ оғоз шуда, Аскар Оқоев пас аз 15 соли раҳбарии ин кишвар маҷбур шуд, ба хориҷ фирор кунад. Хонаводаи Оқоевҳо ба Русия паноҳ бурда, то ҳол ба ватан барнагаштаанд ва дар онҷо зиндагӣ мекунанд. Баъди фирори Оқоев зидди аъзои хонаводаи ӯ парвандаҳои ҷиноӣ кушода шуд.

XS
SM
MD
LG